Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба роҳ мемонад

Июль 26, 2023 14:25

ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нақша дорад, ки тибқи вақти муқарраргардида, тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба анҷом расонад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Директори генералии корхонаи мазкур Раҷабалӣ Расулзода ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, корхона ба нақша гирифтааст, ки пардохти нақдиро тариқи гузаштан ба системаи биллингӣ, ки махзани иттилоотии молиявиро вобаста ба баҳисобгирии муштариён осон мегардонад, амалӣ намояд. «Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар самти фаъолияти худ гузаштан ба сиситемаи биллингиро муҳим мешуморад, зеро он чун махзани ягонаи иттилоотӣ тамоми муштариёни корхона, аз ҷумла аҳолӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва буҷавиро фаро гирифта, онҳоро ба ҳисоб  мегирад ва дар навбати худ ҳисобу китоби дақиқ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон гузаштан ба системаи пардохтҳои ғайринақдиро осон менамояд»,-изҳор дошт ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2023 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад