Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 бо баргузории се бозии даври панҷум анҷом ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии марказии даври панҷум «Соро компания» бар «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуд.
Дар бозии дигар футзалбозони «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан» чордаҳ гол заданд.
«Самандар»-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро дар мавсим ба даст овард.
Ҳамин тариқ, пас аз марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон ду даста – «Истиқлол» ва «Соро компания» бо 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор доранд.
Дар робита ба иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати мамлакат танаффус эълон шуд. Марҳилаи дуюми Суперлига аввали моҳи август оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






