МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Душанбе ба ҷиноят даст задани ноболиғон кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории вохӯриву чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ноболиғон ба кам гардидани шумораи ҷинояткории ноболиғон дар пойтахт мусоидат намуда, ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар байни ноболиғони шаҳри Душанбе нисбат ба соли гузашта 26 ҷиноят ва ё 44,8% кам шудааст. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати мазкур.
Таъкид гардид, ки кам гардидани ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар пайи амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал омадааст.
«Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 баҳри пешгирӣ намудани муноқишаҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва дигар омилҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 386 вохӯрӣ бо иштироки 84 ҳазору 920 нафар падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор карда шуд», -гуфта шуд дар ҷаласа.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020 «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» айни замон дар 105 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт татбиқ шуд, ки дар ин муассисаҳо 203 ҳазору 481 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
То имрӯз дар барнома 8914 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Ба 173 ҳазору 959 нафар волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шуд. Аз сентябри соли таҳсили 2022 то 30 июни соли таҳсили 2023 дар барнома аз тарафи 105 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт 437 миллиону 333 ҳазору 381 баҳо гузошта шудааст.
Ҳамзамон татбиқи барномаи «eDonish» дар марҳилаи сеюм дар 34 муассисаи таълимии пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






