Муаллими тоҷик сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори ИДМ-2023» шуд

Июль 13, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори тоҷик, директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли равон чанд нафар омӯзгорони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда буданд. Аз ҷумла, дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023», ки 5 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, омузгорони шаҳри Душанбе ғолиб омада, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуда буданд.

Ҳамзамон омӯзгори дигари тоҷик, омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева рӯзҳои 5 -7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 давлат иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Назокат Маҳмадиева дар Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои лоиҳавии мамлакат гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибиятро ба даст оварда буд.

Номбурда бо ишғоли ҷойи якум дар ин форум бо мукофоти пулӣ ва диплом қадрдонӣ гардида, роҳхатро барои иштирок дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар шаҳри Портои давлати Португалия ба даст овард.

Бояд тазаккур дод, сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои боз дар самти рушди соҳаи маориф назаррас буда, дар ин самт пешравиҳои зиёд мебошанд.

Яке аз тадбирҳои муҳими Ҳукумат ва Президенти мамлакат баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа буда, ҳавасмандии омӯзгоронро афзун гардондааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиром нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ карда шуд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Ин дастгириҳо омӯзгорони тоҷикро руҳбаланд намуда, онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот менамоянд, ки омузгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва шогирдонро бо истифода аз роҳу усулҳои муосир таълиму тарбия медиҳанд. Ин аст, ки таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пешрафтаи дунё пайваста эътироф карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд