НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО тадбирҳо андешида мешаванд

Июль 26, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб  меравад. Корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО беҳтар шудаанд. Дар ин хусус имрӯз дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки аз  ҷумла дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долонҳои “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук – Хутталӣ Қадим” корҳои номинатсионӣ идома доранд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ва натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада, 9 ёдгории таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри имсол ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО зимни Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд.

Инчунин то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегарданд.

Ҳамзамон корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад