Ғолибони озмуни аттестати аълои универсалӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид, ки дар он 30 нафар хонандагони ҷумҳурӣ дар равияи гуманитарӣ-табиӣ сазовори медали тилло шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар озмуни мазкур 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуда, инчунин 4 нафар хонандагон сазовори медали нуқра шуданд. Дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуданд. Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардиданд. Инчунин дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра соли 2023 дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






