Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» барои соли 2023 муайян ва қадрдонӣ шуданд

Июль 3, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Бозорасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл мебошад, Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» барои соли 2023 ҷамъбаст гардид. Барои инъикоси фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тариқи расонаҳои иттилоотии электронӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиб дониста шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон натиҷаи озмуни мазкур ва ғолибони онро эълон карданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаву шуъбачаҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат» рӯзноманигор, муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далери Абдулло ҷои аввалро соҳиб шуд.

Ғолиби номинатсияи «Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ — тарғиботӣ дар мавриди технологияи муосири бехатарии нақлиёт ва лоиҳаи «Шаҳри бехатар» Раҷаббек Илёсов дониста шуд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин гузориши телевизонӣ» Абдулло Муҳамадиев ба гирифтани мақоми аввал ноил гардид.

Ҳамзамон дар озмун барои инъикоси пешгирии бехатарӣ дар роҳ байни наврасон ва кӯдакон Асомиддин Шоназаров пирӯз гардид.

Дар номинатсияи «Беҳтарин гузоришҳо оид ба пешгирии бехатарӣ дар роҳҳо» муҳаррири «Имрӯз нюс» Назири Нусрат ғолиб дониста шуд.

Ба ғолибон мукофоти пулӣ ва дипломҳо тақдим гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид