Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии ҶДММ «Некбахт»-ро ифтитоҳ намуданд

Июль 7, 2023 09:17

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи парандапарварӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд гардида, дар он айни замон дар як марҳила 45 рӯзро дар бар мегирад, 50 ҳазор сар паранда, аз ҷумла ҳазор сар мурғи “марҷон” парвариш карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 тонна гушти парҳезӣ буда, минбаъд саршумори паранда дар як марҳилаи парваришӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад ва истеҳсоли гушти паранда солона ба 1000-1200 тонна баробар мегардад.

Масоҳати иншооти парандапарварӣ 5 ҳазор метри мураббаъ буда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” 5 бинои мурғпарварӣ, бинои маъмурӣ ва ошхона барои кормандон сохта шудааст.

Дар корхонаи парандапарварӣ раванди обу ғизодиҳӣ, ҳолати зооветеринарӣ, санитарию беҳдоштӣ ва назорати ҳарорати дохили бино ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб гардидааст.

Ҳадаф аз бунёди чунин корхонаҳо, пеш аз ҳама, таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳоло дар корхона 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодгардида соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои парандапарварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар корхонаи “Некбахт” барои фаъолияти меъёрии соҳаҳо шароиту инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обро мавриди истифода қарор доданд. Маълумот дода шуд, ки дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо мақсади самаранок истифода намудани замин хати об дар масофаи 4 километр сохта шуда, 15 гектар заминҳои ҷамъият шодоб карда мешавад.

Дар ҳудуди корхона намоишгоҳи маҳсулоти соҳа ташкил карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорон, ки дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳм мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ намуда, соҳибкорони ватандӯстро барои истифодаи мақсадноки зарфияту имконот, зиёд намудани шумораи ҷойҳои кории нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли пину, яъне қурут ва банду басти чормағзи заминӣ оғоз бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба коргоҳ оварда шуда, дар раванди васлу насби хати истеҳсолӣ ва омӯзишу истифодаи онҳо коргарону мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ намуданд.

Коргоҳи мазкур нахустин дар минтақа буда, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва дар он дар як шабонарӯз 400-500 киллограм маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Айни замон 10 навъу намуди қурут бо бастабандии замонавӣ роҳандозӣ гардида, бандубасти чормағзи заминиро дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ дар марҳиллаи аввал ба бозорҳои дохили мамлакат пешниҳод мегардад. Бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯйи он ба яке аз маҳсулотҳои навъи содиротӣ табдил меёбад.
Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Некбахт” дар ноҳияи Мастчоҳ 07.07.2023

Июль 7, 2023 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон фанҳои табиию риёзӣ бештар рушд намуданд
Дар Панҷакент бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сохта мешавад
МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад
Дар даврони истиқлоли миллӣ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст