Прокуратураи генералӣ: «Корманди Комиссарияти ҳарбӣ барои қаллобӣ 10 сол зиндонӣ шуд»

Июль 10, 2023 14:34

ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корманди Комиссарияти ҳарбӣ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбат ба хизматчии ҳарбӣ — иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Мирсалимов Р. О. барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, бо моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Мирсалимов Р. О. бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, ба онҳо дар маҷмуъ ба маблағи 689493 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Аз ҷумла, номбурда бо либоси низомӣ ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки «гуё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кумакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кумак ниёз дошта бошанд, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд».

Кормандони кӯдакистон аз мақсадҳои ғаразноки номбурда хабардор набуда, ба суханони бардурўғаш бовар карда, дар маҷмуъ 6793 сомонӣ маблағи пулиро ҷамъ оварда, ба вай додаанд. Ў ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.

Инчунин, номбурда амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, 2 октябри соли 2022 бо либоси низомӣ ба бозори «Меҳргон» бо соҳибкор Абдураҳимов М. вохӯрда, худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.

Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Бо чунин роҳу усул ў боз 29 нафарро фиреб намуда, молу маблағи онҳоро бо роҳи қаллобӣ ғайриқонунӣ азхуд карда, такроран ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.

Бо мақсади рўёнидани товони зарари ба шаҳрвандон ба маблағи 570654 сомонӣ расонида, зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Мирсалимов Р.О. дар як вақт аризаи даъвогии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе баррасӣ ва қонеъ карда шуд.

АКС: Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2023 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд