РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат имсол дар вилояти Суғд 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд бунёди якчанд корхонаи саноатӣ идома дорад. Роҳбарияти вилояти Суғд зимни боздиди корӣ бо ҷараёни сохтмони ҶДММ «Комбинати равғанбарорӣ», корхонаи банду басти меваи ҶДММ «Доро инвест», корхонаи истеҳсоли шиша,
инчунин фаъолияти ҶДММ «Файзи ҷаҳон» шинос гардид. Роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва воридсозии таҷҳизоти пешрафта тавсияҳо дода, фаъолсозии корхонаҳои навро барои таъмини сокинон бо ҷойи кор ва зиёд намудани номгӯи маҳсулоти ватанӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид.
Ҳамзамон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






