Санъаткорони шаҳри Ҳисор барномаи пуршукӯҳи фарҳангиро пешниҳоди сокинони Душанбе намуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Таъкид шуд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази умеду ормон гаштааст ва бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз симои худро куллан дигаргун намуда, зебову назаррабо гардидааст.
Шаҳри Ҳисор бо таърихи беш аз 3000-сола дар шафати пойтахт — шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳисор на танҳо таърихи қадимаи ин водӣ, балки минтақаро таҷассум мекунад. Гуфта шуд, ки дарҳои Ҳисори бостон ҳамеша ба рӯи сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, сайёҳону ҷаҳонгардон боз буда, ҳамасола меҳмонони зиёд бо маконҳои таърихию фарҳангии Ҳисор шинос мешаванд.
Овозхонону мутрибони Театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ҳунармандони ансамбли фолклории «Бобоҷоно» ва ансамбли рақсии «Сарвиноз» барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангиро, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва зебогиҳои диёр иборат буд, пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор













Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






