СОХТМОНИ 12 000 ИНШООТ ДАР СУҒД. Президенти Тоҷикистон барои сари вақт мавриди истифода қарор додани онҳо ба масъулин супориш доданд
ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншоот, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 фоизи нақша иҷро гардидааст. Тибқи таҳлилҳо, вазъи иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ҷараён дорад, ки аз масъулин андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро талаб менамояд. Дар ин хусус зимни баргузории машварати корӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ки 8 июл дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд доир гардид, гуфта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Супориш дода шуд, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, дар навбати аввал, инфрасохтори иҷтимоӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.
Ба роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пеш аз ҳама, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 чораҷўйӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






