Соли равон дар Хуҷанд 34 корхонаи нав таъсис ёфта, 208 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд

Июль 12, 2023 10:29

ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд 34  корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти ироҷияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Ҳамзамон дар  108 корхонаи хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ,  дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи мамлакат маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбат ба  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Илова бар ин,  дар шаҳр номгӯи намуди маҳсулоти саноатӣ низ зиёд шудааст, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 кишвари хориҷӣ содирот карда мешавад.Дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар  маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ ва пойафзоли бачагона истеҳсол гардида, содирот низ карда мешаванд.

АКС: Мақомоти ироҷияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июль 12, 2023 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд