«ТАНАФФУСИ КАЛОН». Хонандагон аз Тоҷикистон дар «Артек»-и Сочи дар ин озмун ғолиб омаданд

Июль 24, 2023 14:23

ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек»-и Сочи натиҷаҳои озмуни умумирусиягии «Танаффуси калон» ҷамъбаст шуданд. Дар озмун зиёда аз 900 хонанда  аз 30 давлати ҷаҳон  иштирок намуданд. Дар озмуни байналмилалӣ 12 ҷавони тоҷик аз Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд иштирок намуда, се нафарашон дар номинатсияҳои худ ғолиб омаданд. Ин се нафар ба «Сайри орзуҳо»- аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивосток роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

 Дар идомаи сафар хонандаҳои тоҷик метавонанд кӯҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодром «Шарки» — ро бубинанд ва инчунин дар барномаи таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.

Дар озмун хонандаҳо ва хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии  шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат   лоиҳаҳои таҳиякардаи  худро  муаррифӣ намуда, назари худро дар бораи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баён доштанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2023 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд