ТАТБИҚИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Шуруъ аз 1 август хизматрасонии муздноки тиббӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 август хизматрасонии муздноки тиббӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад, иттилоъ дода шуд зимни баргузории ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Пурра гузаштани муассисаҳо ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андозҳо, осон ва дастрас будани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ, кам истодан дар навбат барои гирифтани пули нақд дар банкоматҳо, ҳамчунин вақти зиёдатӣ сарф накардан дар супоридани маблағҳо ба хазинаи муассисаҳои давлатӣ ва воридоти пурраи маблағҳо ба суратҳисоби маблағҳои махсус мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз 396 муассиса тибқи тартиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, 2 хадамоти назорати давлатӣ, донишгоҳҳои давлатии тиббӣ (2 донишгоҳ), Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, 16 коллеҷи давлатии тиббӣ, 4 муассиса дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, дар маҷмуъ 428 муассиса аз 1 августи соли 2023 пурра ба хизматрасонии ғайринақдӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, шумораи муассисаҳои алоқаманд ба хизматрасонии ғайринақдӣ дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе 32 муассиса, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 муассиса, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 32 муассиса, вилояти Хатлон- 174 муассиса ва дар вилояти Суғд 101 муассисаро ташкил медиҳад.
Муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо КВД Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК Эсхата Бонк, ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон», ҶСП «Душанбе сити Бонк» ва ҶСП «Спитаменбонк» дар баробари ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули пардохти ҳамаи намуди хизматрасонии музднок аз аҳолӣ ба таврӣ ғайринақдиро ба роҳ монда, тавассути терминалҳои электронии васлгардида барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои худ ҳамкории дуҷонибаро идома дода истодаанд.
Ҳоло аз тарафи муассисаҳои зерсохтори вазорат барои васли постерменалҳо ва дигар воситаҳои пардохти электронӣ дархостҳо ворид ва шартномаҳо бо ташкилоти молиявӣ баста шуда, бо сабаби сарбории зиёд, яъне зиёд гардидани талабот ба постерменалҳо бо навбат аз ҷониби ташкилоти молиявии қарзӣ васл гардида истодаанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки тамоми роҳбарони муассисаҳои алоқаманди соҳаро зарур аст, ки аз 1 августи соли равон қабули пардохтҳои нақдиро катъ намуда, инфрасохтори заруриро барои қабули маблағҳо ба таври ғайринақдӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмин намоянд. Инчунин дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, дар рӯзҳои аввали манъи пардохтҳои нақдӣ шахсан бо аҳолӣ дар робита бошанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






