Универсиадаи 31-уми ҷаҳонии тобистона дар шаҳри Чэндуи Чин баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 июл то 8 август дар шаҳри Чендуи Чин Универсиадаи 31-уми ҷаҳонии тобистона баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Жэнмин жибао».
Ба иттилои ин манбаъ, маркази асосии расонаии Универсиада дар Чэнду расонаҳои ҷаҳониро бо зерсохтор ва хизматрасонии зарурӣ, яъне офисҳо, ғизо, ҳамлу нақл, хизматрасонии тиббӣ ва барномаҳои фароғатӣ таъмин менамояд.
Пас аз ифтитоҳи расмӣ маркази асосии расонаӣ якчанд чорабинии гуногун дар бораи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ба монанди намоиши парчаи Сичуан ва дӯзандагӣ, маснуоти бо тасмаҳои бамбук печонида, расмҳои карамелии «танхуа», инчунин намоиши «гунфуча» (тарзи дам намудани чой) — ро баргузор мекунад.
Ин чорабиниҳо ба рӯзноманигорон аз тамоми ҷаҳон имкон медиҳанд, ки ҷозибаи беназири фарҳанги Ба — Шу (фарҳанги Сичуан) — ро беҳтар дарк намоянд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Жэнмин жибао»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






