ҲУШДОР: 14-15 июл дар Тоҷикистон хокбориш дар назар аст

Июль 10, 2023 19:19

ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14-15-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 13-18 метр дар як сония ба амал омадани гарду чанг ва  хокбориш дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиноснии мамлакат хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  14-15 июли соли ҷорӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу-ғарб бо суръати то 13-18 метр дар як сония, дар ноҳияҳои ҷанубӣ бо шиддатнокии то 20-25 метр дар як чония шиддатёбии тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Ҳамзамон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои агентӣ,  11-12 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Июль 10, 2023 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид