Вакилони Парлумон фарогирии кӯдакони шаҳри Душанберо ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бисёр хуб арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2020-2022 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 540 кондитсионер, 182 яхдони калонҳаҷм, 90 мошинаи ҷомашӯӣ ва таҷҳизот барои бунгоҳи тиббӣ харидорӣ шуда, ҳамаи муассисаҳо бо бозичаҳои кӯдакона, маводи дидактикӣ, тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Фарогирии кӯдакони пойтахти мамлакат ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ хеле хуб аст. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки 22 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 — 2025» нақша — чорабинии алоҳида тартиб дода шуд. Ба шарофати ин иқдом заминаи моддӣ — техникии муассисаҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мустаҳкам гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур барои марҳилаи якум- солҳои 2023-2024 тасдиқ гардида, мақсад аз андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва инноватсионӣ — таълимӣ мебошад. Инчунин дар доираи нақшаи мазкур аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки соли равон дар ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе 45 муассисаи томактабӣ барои беш аз 7690 ҷой таъсис дода шуда, дар ин самт корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст.
Айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ 707 адад буда, дар онҳо 102 ҳазору 525 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 2111 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68 ҳазору 891 кӯдак фаъолият мекунанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд






