Варзишгари навраси тоҷик Алишер Рӯзимадов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик — дастпарвари Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои гӯштин Алишер Рӯзимадов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни ҷавонони то 15-сола сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзишии АМИТ «Ховар».
Ин варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ маҳорати олӣ нишон дода, дар вазни то 75 кг бар ҳарифонаш пайи ҳам ғолиб омад ва медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Аммони давлати Урдун идома дорад.
АКС аз манбаҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






