30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷӣ ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳамоиши ҷашнӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато, роҳбарони вазорату идораҳо, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.
Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ бо ёдоварӣ аз таърихи пурмазмуни муносибатҳо бо ЮНЕСКО таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба татбиқи иқдомҳо дар ҷодаи ҳифз ва пойдории сулҳу равобити дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон тавассути илму маориф ва фарҳанг аҳамияти махсус медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин, аз ҷумла таъкид намуд, ки “ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, инчунин дар сатҳи шоиста ташвиқу тарғиб намудани онҳо пайваста ҳидояту роҳнамоӣ менамоянд, ки ин таваҷҷуҳи доимӣ ва назорати пайвастаи роҳбарияти ҷумҳуриро дар ин самт ифода менамояд.
Дар зимн, мо бо истифода аз абзори ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ЮНЕСКО, аз ҷумла ба василаи баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва гузаронидани пажуҳишҳои муштараки илмию амалӣ, баҳри ҳифзи мерос ва дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ, инчунин муаррифии ҳадафмандонаи онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам саъю талошҳо анҷом медиҳем».
Раванди густаришёбанда ва дурнамои боэътимоди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар заминаи комёбиҳои муштараки то кунун ба даст омада, ҳамчунин дар суханронии Амир Пирич таъкид гардид.
Зимнан, ба сифати намунаҳо аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар толори Осорхонаи миллӣ ҳунарҳои чакандузӣ, адрасбофӣ, оростани дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин ҳамчун рамзҳои Наврӯз, шашмақомхонӣ, фалаксароӣ, оши палав ва абрешимбофӣ муаррифӣ гардиданд.
Меҳмонони дохилию хориҷии ҳамоиш аз ҳунарнамоии беҳамтои ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, ки лаҳзаҳои театриро аз осору эҷодиёти Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин иҷро намуданд, таассуроти ғаниву ҷаззоб бардоштанд. Ҳамчунин асарҳои миниатюрии Олим Камолзода ва духтари ӯ Бону, мусаввараҳои кӯдакони шаҳри Ваҳдат ва осори марбут ба ҳунари кулолгарӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуданд, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд.
Бахши фарҳангии ҳамоишро таронаи мардумии “Биё равем чойхона” ва навои дилнишини ғижжак хеле рангин сохт.
Барои меҳмонони ҳамоиш фурсати муносибе буд, ки бо гӯшаи таърихии Саразм ва имитатсияи ёдгории шаҳраки “Тахти сангин”-и 2500-сола шинос шуданд.
Зимнан, қобил ба тазаккур аст, ки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар тӯли 30 соли ҳамкории созанда бо ЮНЕСКО бо саъю талошҳои мудовим мавзеъҳои зиёди антиқию таърихӣ, осорҳои нобиғагони илму адаби тоҷикон ва эҷодиёти нотакрори санъати миллиро ба феҳристҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ ворид намудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




























Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд






