65 нафар донишҷӯ Академияи идоракунии давлатиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 65 нафар хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби дипломи аъло гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин Академия.
Дар маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2023 Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, доир мегардад.
Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои мо аз ин неъмати гаронбаҳо маншаъ мегиранд.
Хатмкунандагони Академия бояд бо донишҳои андӯхта аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 25 нафар магистрант ва 40 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавриат дипломҳои аъло супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон Академияро 505 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура хатм намуданд, ки аз ин шумора 65 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид






