Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Туркистони Қазоқистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо тоҷикони муқими вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон изҳор доштанд, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ташкили намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон барои боз ҳам густариш бахшидани равобити иқтисодию фарҳангии ду давлат нақши муҳим мебозад.
Ходимони илми Тоҷикистон таъкид намуданд, ки муваффақона фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон асбоби мусиқӣ, китоб ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ тақдим гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон










ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






