«АНДАЛЕБ-2023». 18 август барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва 18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
14 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки ҳунармандони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт. Ҳунармандон бо пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гудӯзию кашидадӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, суруду рақсҳои халқӣ хотири меҳмонон, иштирокчиён ва ҳакамони фестивалро шод гардониданд.
Ҳамзамон 15 август дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллиро пешниҳод намуданд.
Намоиш ва барномаи ҳунарии иштирокчиён дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, меҳмонон, аъзои ҳакамон ва сокинони пойтахт бо ҷараёни баргузории фестивал-озмун шинос шуданд.
Инчунин 16 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони ноҳияҳои Муъминобод ва Файзобод дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баромад намуданд.
Барномаи пешниҳоднамудаи ҳунармандон бо шукуҳу шаҳомати хосса, расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манзури меҳмонону сокинон ва ҳакамони фестивал гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур 11 август оғоз гардида, ҳамарӯза соати 18:00 манзури тамошобинони пойтахт гардонида мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад






