«АНДАЛЕБ-2023». 18 август барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ доир мешавад

Август 17, 2023 15:05

ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва 18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

14 август даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки ҳунармандони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт.  Ҳунармандон бо пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гудӯзию кашидадӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, суруду рақсҳои халқӣ хотири меҳмонон, иштирокчиён ва ҳакамони фестивалро шод гардониданд.

Ҳамзамон 15 август дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон беҳтарин намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллиро пешниҳод намуданд.

Намоиш ва барномаи ҳунарии иштирокчиён дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, меҳмонон, аъзои ҳакамон ва сокинони пойтахт бо ҷараёни баргузории фестивал-озмун шинос шуданд.

Инчунин 16 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони ноҳияҳои Муъминобод ва Файзобод дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баромад намуданд.

Барномаи пешниҳоднамудаи ҳунармандон бо шукуҳу шаҳомати хосса, расму оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манзури меҳмонону сокинон ва ҳакамони фестивал гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур 11 август оғоз гардида, ҳамарӯза соати 18:00 манзури тамошобинони пойтахт гардонида мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 17, 2023 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд