Ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмурӣ зиёда аз 170 миллион сомонӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳазору 27 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 185 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Дар ин хусус 14 август зимни нишасти матбуотии Кумитаи андоз иттилоъ дода шуд.
Ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба риоя нашудани муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз, кам нишон додани маблағи андоз, риоя нашудани қоидаҳо вобаста ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, таъмин нашудани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, риоя нашудани тартиби истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, терминалҳои электронӣ ва баҳисобгирии хазина мебошанд.
Аз 185 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурии татбиқгардида ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 172 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






