БА ДАРС БЕ КИТОБУ ДАФТАР? Вазири маориф ва илм аз волидайн даъват намуд, ки ҷузвдони фарзандонашонро аз назар гузаронанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023. АМИТ/«Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз падару модари хонандагоне, ки дар дарсҳо бе китобу дафтар ҳозир мешаванд, даъват намуд, ки пеш аз ба дарс рафтан ҷузвдони фарзандони худро аз назар гузаронанд.
Зеро ба гуфтаи ӯ, «ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки хонандагон бе китобу дафтар ва лавозимоти хониш ба мактаб меоянд. Дар ҳоле, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм барои таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ тамоми имконият фароҳам оварда шудааст».
Тавре иттилоъ дода шуд, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо 89 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 475 ҳазору 750 нусха таъмин шуданд, ки ин 51 фоизи дархости шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол дар ширкатҳои ватанӣ 82 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 млн 167 ҳазор дар ҳоли нашр қарор доранд, ки то оғози соли таҳсил ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






