БА ИСТИҚБОЛИ 32 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Маркази саломатӣ ифтитоҳ ёфт

Август 23, 2023 13:52

ДУШАНБЕ, 23.08.2023. АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бунгоҳи саломатии Арбобӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти тандурустӣ ба 2 ҳазор аҳолии маҳаллаи мазкур хизмати тиббӣ хоҳад расонд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бунгоҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба истифода дода шуд.

Бунгоҳи саломатӣ аз чор шуъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст.

Ба истифода додани Маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба ҷои дур нарафта, дар ҷои истиқомати худ бо ёрии аввалини тиббӣ таъмин гарданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 23, 2023 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд