БАРНОМАИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ХУСУСӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027. Дар вилояти Хатлон беш аз 70 ҳазор кӯдак ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 амалӣ мешавад, дар вилояти Хатлон 70 ҳазору 813 нафар кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, агар 17 ҳазору 854 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, пас дар 1320 Маркази инкишофи кӯдак 52 ҳазору 959 нафар дар ин зинаи таҳсил таълиму тарбия мегиранд. Ҳамчунин 470 Маркази инкишофи кӯдак зиёд шуда, фарогирии кӯдакон 28 ҳазору 521 нафар бештар гардид.
Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур аз 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳадаф аз он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии барномаи мазкур то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.
«Барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад»,- иброз дошт Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ҳамчунин мавсуф изҳор дошт, ки тибқи барномаи мазкур, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.
«Яъне, тибқи нақшаи барномаи мазкур бояд соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд», — тазаккур дод ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар вилоят 164 муассисаи таҳсили томактабӣ мавҷуд аст, ки аз он 15 ададаш хусусӣ аст. Инчунин дар қаламрави вилоят сохтмони 10 муассисаи хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Муассисаҳои таҳсилоти умумии томактабӣ ва умумии хусусие, ки сохта мешаванд, шакли алтернативии таҳсили томактабӣ ва таҳсили умумӣ буда, дастрасии кӯдаконро ба таҳсили босифати ҳам томактабӣ ва ҳам миёнаи умумӣ таъмин менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»









Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






