БАРНОМАИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ХУСУСӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027. Дар вилояти Хатлон беш аз 70 ҳазор кӯдак ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта шуд

Август 17, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027», ки дар  ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 амалӣ мешавад, дар вилояти Хатлон 70 ҳазору 813 нафар кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Тавре Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, агар 17 ҳазору 854 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, пас дар 1320 Маркази инкишофи кӯдак 52 ҳазору 959 нафар дар ин зинаи таҳсил таълиму тарбия мегиранд. Ҳамчунин 470 Маркази инкишофи кӯдак зиёд шуда, фарогирии кӯдакон 28 ҳазору 521 нафар бештар гардид.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур аз 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳадаф аз он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии барномаи мазкур то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.

«Барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад»,- иброз дошт Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ҳамчунин мавсуф изҳор дошт, ки тибқи барномаи мазкур, заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

«Яъне, тибқи нақшаи барномаи мазкур бояд соҳибкорон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд», — тазаккур  дод ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар вилоят 164 муассисаи таҳсили томактабӣ мавҷуд аст, ки аз он 15 ададаш хусусӣ аст. Инчунин дар қаламрави вилоят сохтмони 10 муассисаи хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Муассисаҳои таҳсилоти умумии томактабӣ ва умумии хусусие, ки сохта мешаванд, шакли алтернативии таҳсили томактабӣ ва таҳсили умумӣ буда, дастрасии кӯдаконро ба таҳсили босифати ҳам томактабӣ ва ҳам миёнаи умумӣ таъмин менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 17, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд