Чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Турсунзода ба чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони шаҳр Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри мазкурдар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки аз 1 то 7 август дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг байни варзишгарони 46 давлати дунё унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.
Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз давлатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Қазоқистонро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ варзишгари украиниро мағлуб намуд ва сазовори медали тиллои чемпионати ҷаҳон гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






