Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санҷиши пешакии коронавирус қабл аз ворид шудан ба Чин бекор карда мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар брифинги навбатӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин изҳори назар намуд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ».
«Шуруъ аз 30 август ба шахсони ба Чин меомада дигар супоридани санҷишҳои кислотаи нуклеин ё санҷиши антигении COVID-19 қабл аз ворид шудан ба мамлакат зарур нест», ишора намуд дипломати чинӣ.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Чин аз 8 январи соли 2023 карантини ҳатмии COVID-19-ро барои шахсони ба кишвар меомада бекор намуда буданд. Барои ворид шудан ба қаламрави Чин танҳо санҷиши манфии коронавирус зарур буд, ки на бештар аз 48 соат қабл аз парвоз гузаронида мешуд.
Моҳи январи соли 2023 Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустии Чин COVID-19-ро аз рӯйхати бемориҳои сироятии категорияи «А» истисно намуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз