Дар Душанбе масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд

Август 18, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд оид ба стратегия ва рушд Бандер Албазай, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст