Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид. Он Eris (EG.5.1) ном дошта, боиси нигаронии зиёд гардидааст. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба The Economic Times хабар медиҳад.
Иттиҳоди Ҳиндустон оид ба геномикаи SARS-cov-2, ки барои назорати шамклҳои геномии коронавирус таъсис ёфтааст, дар изҳороти худ вуҷуд доштани ҳолатҳои штамми навро ишора намуда, гуфтааст, ки барои ин набояд хавотир шуд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҳиндустон, шумораи гирифтороони нави сирояти коронавирус дар кишвар давоми 24 соати охир 54 нафар буда, шумораи гирифторони фаъол ба 1574 нафар расидааст. Теъдоди фавидагон аз ин вирус 531 918 нафарро ташкил медиҳад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»