Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти EG.5 — шакли нави штамми омикрони коронависрус ошкор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи El Periódico бо истинод ба манбаъҳои ҳукумати Каталония хабар додааст.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи паҳншавии босуръати шакли нави штамми омикрон EG.5 дар ҷаҳон ҳушдор додааст.
Тибқи маълумоти он, дар Каталония зиёда аз 50 нафар бемор ошкор шудаанд. Бори аввал штамми нави коронавирус EG.5 дар минтақа 8 июн зоҳир шуд. Тавре ки табибон шарҳ доданд, шакли нави коронавирус метавонад сабаби афзоиши шумораи бистаришудагон дар беморхонаҳои маҳаллӣ гардад.
Мувофиқи иттилои матбуоти Испания, ҳоло дар салтанат бемории ковид афзоиш ёфтааст. Агар дар аввали моҳи июл ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 29 ҳолат ошкор шуда бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 90 нафар наздик шудааст. Аксаран сухан дар бораи ҳолатҳои сабуки ин беморӣ меравад.
4 июл ҳукумати Испания анҷомёбии пандемияи COVID — 19-ро дар кишвар эълон ва пӯшидани ҳатмии ниқобро бекор намуда буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз