Дар ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории иншооти муҳимро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зимма доштанд.
Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда зебу зиннат дода шудааст, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам менамояд.
Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат дода, сокинони ноҳияро ба анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон









Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






