ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Дар Хатлон боз ба 16 муаллим замини наздиҳавлигӣ дода шуд

Август 22, 2023 14:45

ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон» дар вилояти Хатлон ба 16 нафар омӯзгор Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорон давоми соли таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 нафар омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ дода шуд, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара мебошанд.

Раиси вилояти Хатлон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо ин омӯзгорон оид ба ҷараёни фаъолият, шароиту имконияти мавҷуда ва дастовардҳои онҳо суҳбат оростанд.

Омӯзгороне, ки соҳиби замин гардиданд, ба Роҳбари давлат ва дигар масъулон барои дастгирию ҳавасмандгардонӣ миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки фаъолият ва натиҷаи дастовардҳои худро беҳтар намуда, тамоми донишу маҳорати худро дар таълиму тарбияи насли наврас истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия менамояд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, баҳри ҳавасмандии омӯзгорон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ тадбирҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Яке аз онҳо аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли нави хониш 10% баланд бардоштани маоши кормандону омӯзгорон мебошад.

Ба иттилои Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Қобилҷон Хушвақтзода, таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  натиҷаи ҳавасмандгардонии кормандони донишгоҳ ва ҳайати устодони ин даргоҳи илму маърифат буд, ки солҳои охир муваффақияту дастовардҳо ба маротиб афзун гардидаанд. Давоми се сол аз ҳисоби маблағҳои махсус се маротиба музди меҳнат 10 фоизи зиёд  шуд, ки ин ба фаъолияти илмию тарбиявӣ ва тадқиқотӣ дар донишгоҳ  таъсири мусбат расонд. Дар соли нави хониш музди меҳнат боз 10 фоизи дигар зиёд мешавад.

Иқдоми дигаре, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2022 амалӣ намуд, ба 30 нафар омӯзгору кормандони ҷавон супоридани калиди манзили хизматӣ мебошад.

Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгорон шуруъ аз моҳи июли соли равон Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе низ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси худ маоши муаллимонро 20 фоиз зиёд намуд.

Чунин иқдомро роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ амалӣ намуда, бунёди бинои 9-қабатаи истиқоматиро барои таъмини устодону кормандон бо манзили зист ба нақша гирифтааст.

Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли сипаригардида ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова шуд.

Ба гуфти Вазири маориф ва илм, омӯзгорони мамлакат тибқи моддаи 353 — и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд. Ҳамчунин соли 2022 318 нафар омӯзгорони мамлакат аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» қабул шуд. Тибқи ин қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор менамоянд, имтиёзҳои зерин муқаррар мешаванд:

— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо намудани замин барои сохтмони манзил;

— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор ҷудо намудани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ҳисобида, иброз доштанд, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Дарвоқеъ, имрӯзҳо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагону донишҷӯёни босавод тарбия намоянд. Зеро дар ҳолати дар озмунҳо иштирок намудан ва сазовори ҷойи аввал гардидани довталаб устодон низ бо мукофот ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар доираи чунин тадбирҳои андешида умеду боварии комил аст, ки минбаъд ҷавонони донишманд дар соҳаҳои мухталиф фаъолият менамоянд. Месазад, ки ин ташаббусро идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ амалӣ  намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ  «Ховар»

 

 

Август 22, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ду даври бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 беш аз 92 ҳазор довталаб номнавис гардид
Низоми баҳогузории 10-хола заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад
Хонандагони ноҳияи Восеъ соҳиби 329 медал гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмоишгоҳи энергияи барқароршаванда таъсис ёфт
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 машварати корӣ баргузор гардид
Донишгоҳи давлатии Данғара бо 11 муассисаи олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад
Донишгоҳи давлатии Бохтар мавқеяшро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳифз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шумораи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ ба 149 адад расидааст
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой доранд?
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12 ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хориҷӣ табодули академиро муваффақона анҷом доданд