Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд

Август 23, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот Субҳиддин Шамсиддинзода дар бораи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон, иқдомҳои роҳбарияти олии ду давлат дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ду мамлакат, аз ҷумла дар чорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки тарафҳо узвият доранд, инчунин моҳияти сиёсати «дарҳои боз»-и Ҳукумати Тоҷикистон ва нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ шарҳи муфассалеро баён дошт.

Дар зимн иброз шуд, ки имконоти АМИТ «Ховар» ба сифати мақомоти марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси ҳодисаву рӯйдодҳои марбут ба Тоҷикистон ва Покистон, муаррифии имконияти мавҷуда дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра тавассути сомонаи расмӣ ва Радиои «ҒМ Ховар»-и Агентӣ метавонанд боз ҳам бештар ва  самараноктар мавриди истифода қарор гиранд.

Таъкид шуд, ки тақвият бахшидан ба робитаҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот ба муносиботи рӯ ба рушди ду давлат дар арсаҳои мухталиф муассир бошад.

Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон нақши хабаргузориҳои иттилоотиро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба муҳим дониста, омодагии намояндагии дипломатиро баҳри мусоидат ба таҳкими робитаҳои иттилоотӣ таъкид намуд.

Изҳори умед шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот, аз ҷумла байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва хабаргузории марказии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan» ривоҷи бештар меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 23, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд