ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби нави наврасони то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол, ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 иштирок менамояд, дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ менамояд, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола аз 20 то 27 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони панҷ давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Далер Каёсов дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.
Дар доираи чемпионати CAFA-2023 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян мешавад.
Чемпионати CAFA-2023 байни наврасон (U-17)
Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон
Даври 1
20 август (якшанбе)
18:00 – Қирғизистон – Афғонистон
21:00 – Узбекистон – Эрон
Даври 2
21 август (душанбе)
18:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Қирғизистон – Узбекистон
Даври 3
23 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
25 август (ҷумъа)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
27 август (якшанбе)
18:00 – Афғонистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






