«HUNGARY MASTERS 2023». Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сазовори медали нуқра гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи «Hungary Masters 2023» оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Будапешт аз 4 то 6 август баргузор гардид, варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 2 медали нуқра гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар финал аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб гардида, сазовори медали нуқра гардиданд.
Ҷудокори шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг) медали дуюми нуқраро дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон соҳиб шуд. Темур Раҳимов дар финал аз Сартти Пуумалайнен мағлуб шуд.
Ғолибони вазни -73 кг
1.Соичи Ҳошимото (Ҷопон)
2.Беҳрӯз Хоҷазода (Тоҷикистон)
3.Петру Пеливан (Молдова)
3.Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон)
Ғолибони вазни +100 кг
1.Мартти Пуумалайнен (Финляндия)
2.Темур Раҳимов (Тоҷикистон)
3.Татсуру Саито (Ҷопон)
3.Гела Заалишвили (Гурҷистон)
«Hungary Masters-2023» дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шудааст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






