ИММУНИЗАТСИЯ ВА МОҲИЯТИ ОН. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода бо сокинон мулоқот доир намуд

Август 17, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки раисони маҳалла, намояндагони ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим аз марказҳои саломатии деҳавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва аҳолии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода оид ба иммунизатсия ва моҳияти он барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сурхча ва гулафшон вохӯрию суҳбатҳои судманд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Дар вохӯрии мазкур директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода дар бораи бемории сурхча ва гулафшон маълумот дода, бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятиро шарт ва зарур шуморид.

Ҳамаи иштироккунандагони вохӯрӣ даъват шуданд, ки дар гузаронидани Рӯзҳои имммунизатсияи иловагӣ фаъол бошанд.

Ҳамзамон аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо кормандони Шабакаи КАТС, Маркази иммунопрофилактика, Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар байни аҳолии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод корҳои фаҳмондадиҳӣ  идома дошта, бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ ба мардум фаҳмонида мешавад.

Инчунин идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Пахтаобод гузаронида шуданд.

Гуфта шуд, ки бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ шарт ва зарур буда, бо ёрии иммунизатсия мо метавонем бемориҳои сироятшавандаро сари вақт маҳв созем.

Тазаккур дода шуд, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 21 август то 16 сентябр барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии сурхча ва гулафшон дар байни кӯдакони аз 6-моҳа то 15-сола дар ду марҳила Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ гузаронида мешавад.

Дар робита ба ин зимни вохӯриҳо сокинону иштироккунандагон даъват шуданд, ки дар гузаронидани ин рӯзҳо фаъол бошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 17, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд