ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Пешвои миллат сохтмончиёнро васлгарони асрҳою наслҳо номидаанд

Август 13, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи дуюми моҳи август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон маҳсуб  мешавад. Соли равон дар мамлакат дар масоҳати умумии 772,9  ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.

Дар остонаи ин иди касбӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «Рӯзи сохтмончиён иди касбҳои сершумор -муҳандисон, лоиҳакашон, коргарон, кафшергарон ва таҳқиқгарон мебошад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август гузаронида мешавад.

Имрӯз нуфузу обрӯи сохтмончиёни мамлакат беш аз пеш баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор маҳсули дастони онҳо мебошад. Бунёди шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ- мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукуҳи фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматии замонавӣ меҳмонхонаву китобхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсули дастони  пурэъҷози меъморону бинокорон мебошанд».

Мавсуф афзуд, ки ифтихори мардуми бунёдкору меҳнатдӯст, соҳибтамаддуну фарҳангофарини тоҷик, хусусан сохтмончиёни мамлакат аст, ки Тоҷикистон имрӯзҳо ба дастовардҳои барҷастаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида истодааст. Дар даврони истиқлолият бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараёни тоза гирифта, иншооти зиёди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ,  иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд, ки таҷассумгари сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Асосгузори ҳамаи навсозиҳо, меъмор, ташаббускор ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа арзёбӣ намуда, «сохтмончиёнро  васлгарони асрҳою наслҳо номидаанд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Низом Мирзозода таъкид намуд, сохтмончиёнро ободгари Ватан ва давлат меноманд. Воқеан ягон соҳаи иқтисодиёт бе  сохтмон рушд намеёбад.

Дар ҳаҷми 2,8 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд

Соли равон фондҳои асосӣ ба маблағи 2 миллиарду 881 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиарду  79 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4140 ҷой, дармонгоҳ барои 120 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.

Таъсиси озмоишгоҳи махсусгардонидашуда

Кумита бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини ба зилзила тобоварии бинову иншоот пас аз ҳодисаҳои дар давлатҳои Туркия ва Сурия рухдода барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашударо бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия таъсис дод. Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ, тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ мешавад. Мақсади асосии санҷиш- ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса мешавад.

Таҳия ва мукаммалсозии 25 санади меъёрӣ дар соҳаи сохтмон

Кумита  ҷиҳати танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон соли равон  таҳия ва мукаммалсозии 25 номгўй санади меъёрӣ дар соҳаи сохтмонро ба нақша гирифтааст. Мувофиқи номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи сохтмон 1756 ҳуҷҷати меъёрии соҳаи сохтмон мавриди амал қарор доранд, ки аз ин 782 номгӯйи он мансуб ба санадҳои меъёрии миллӣ ва 974 номгӯй ҳуҷҷатҳои меъёрҳои байнидавлатӣ дар соҳаи сохтмон мебошанд.  Аз 782 номгӯй санадҳои миллӣ, ки аз даврони шӯравӣ амал менамоянд, 481 номгӯйи онҳо такмил дода шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҳуҷҷатҳои меъёрҳои байнидавлатӣ дар соҳаи сохтмон бо теъдоди 974 адад тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби комиссияҳои байнидавлатӣ оид ба стандартикунонӣ мунтазам бозбинӣ ва тағйир дода шуда, ба талаботи муосир мувофиқ гардонида мешаванд.

Сохтмончиёни тоҷик масъулияти бузург бар дӯш доранд

 Сохтмончиёни тоҷик имрӯз масъулияти бузурге бар дӯш доранд, зеро дар Тоҷикистон то баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст Ин аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешида истода, корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорат қарор доранд.

Тасдиқи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардид. Соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои калидӣ буда, дар бисёр маврид ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва техникии тамоми иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Сохтмон бозистеҳсоли фондҳои асосиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ таъмин намуда, дорои шумораи зиёди робитаҳои байнисоҳавӣ буда, самараи баланди фузунсозӣ дорад. Нақши калидии соҳаи сохтмон дар ноил гаштан ба мақсадҳои стратегии рушди ҷомеаи мамлакат бо роҳи амалигардонии барномаҳои сармоягузорию сохтмонӣ муайян ва натиҷагирӣ мешавад.

Дар солҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ тағйироти муҳим ба амал омаданд, механизмҳои куллан нави танзими давлатии фаъолияти сармоягузориҳо дар соҳаи сохтмон ташаккул ёфтанд, ки яке аз онҳо рушд ва васеъгардонии механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муносибгардонии низоми расмиёти иҷозатдиҳӣ дар сохтмон, ҳамоҳангсозӣ ва навсозии меъёрҳои техникӣ дар шаҳрсозӣ ба ҳисоб меравад.

Соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат маҳсуб мешавад.

Имзои санади ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон

Ҷиҳати тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, таъмини хатмкунандагони донишгоҳ ба ҷойи кори доимӣ, беҳтар намудани заминаи моддию таълимии донишгоҳ, густариши ҳамкории илмиву амалӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кадрҳои сохтмонӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, синфхонаҳои таҷрибавию амалӣ дар пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии зерсохтори Кумита ташкил  шуданд.

Раванди рақамикунонӣ дар соҳаи сохтмон дар ҳоли рушд аст

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ  тариқи электронӣ дар Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуд.

Барои дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита пурра ба кор даровардани низоми электронии коргузорӣ, ҷойгиронии маводи дахлдор ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита барои дар фаъолияти корӣ татбиқ намудани таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани низоми электронии қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ портали электронии корхонаҳои мазкур ба истифода дода шуда, мавриди корбарӣ қарор доранд.

Иштироки фаъолонаи сохтмончиён дар корҳои созандагию бунёдкорӣ  ҳамчун таҷассумгари дастовардҳои таърихи халқамон марҳалаи тозаи худшиносӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ мегардад. Ин барои таҳкими асосҳои давлату давлатдорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон бисёр муҳим ва пурқимат аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 13, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд