ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2023/24. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе нахустин бозии худро бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баромади аввали худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 бо бозӣ ба муқобили чемпиони Қатар- дастаи футболи «Ал-Дуҳайл» оғоз менамояд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрии дастаҳо 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Лигаи Чемпионҳои КФО-2023/24
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «E»
«Персеполис» (Эрон)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Даври 1
19 сентябр (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) –Ал-Дуҳайл (Қатар)
Даври 2
2 октябр (душанбе)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 3
24 октябр (сешанбе)
«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 4
7 ноябр (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)
Даври 5
27 ноябр (душанбе)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 6
5 декабр (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






