НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар шаш моҳ фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноиро қатъ намудааст

Август 2, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли 2023 фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноии иборат аз 47 нафар, инчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор ва ҷилавгирӣ гардид. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 366 килою 785 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  114 килограмму 956 грамм ё 45,6 фоиз зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки мусодираи маводи мухаддир афзоиш ёфта, афюн 50,3 фоиз, ҳашиш 15 фоиз, бангдона 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар шакли хока 4,4 ва лавҳаҳои психотропии синтетикӣ 2,8 маротиба зиёдтар мусодира  шудааст.

Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, дар ин муддат 69 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  15,9 дарсад камтар аст.

Муфаттишони агентӣ 122 парвандаи ҷиноӣ қабул ва 81 парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Аз ин шумора 42 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 66 нафар ба суд ирсол ва дар робита ба он молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 309,3 ҳазор сомонӣ мусодира гардид.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид