НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5834 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 45 932 нафар, аз ҷумла дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 25881 нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3974 нафар ва дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ 16077 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд. Чунин ибрози назар намуд муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода 10 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар муассисаҳои таълими касбии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 10980 нафар, аз ин шумора 8388 нафар (76,4%) зан ва 5611 нафар (51,1%) ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар ин давом тавассути худмаблағгузорӣ 8275 нафар соҳиби касб шуданд.
Ҳамзамон тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия (санҷиш) малакаи касбии 6626 нафар шаҳрвандон бо шаҳодатномаҳо тасдиқ гардид. Илова бар ин, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 5834 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






