НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар асоси амрҳои мақомоти прокуратура 12 ҳазору 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд

Август 15, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба санҷиши заминҳои соҳаи маориф, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон 27 апрели соли равон дар ноҳияи Данғара дода буданд, гурӯҳи корӣ таъсис  шуд. Ин гурӯҳи корӣ дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 174 ҳолати ғайриқонунӣ додан ва ё худсарона ишғол кардани заминҳои муассисаҳои таълимиро дар майдони 21,5 гектар ошкор намуд. Дар натиҷа 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда, оид ба бартарафсозии ин қонунвайронкуниҳо 101 амр, 24 пешниҳод ва ба 36 қарори ғайриқонунии раисони ин шаҳру ноҳияҳо эътирозҳои прокурорӣ оварда шуданд. Чунин изҳор дошт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матуботӣ, ки нимаи аввали имрӯз баргузор гардид.

Ба намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон дар асоси амрҳои мақомоти прокуратура 12 ҳазору 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳазору 342 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 2 ҳазору 481 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, 38 ҳазору 893 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Давоми нимсолаи аввал ба маблағи зиёда аз 773 миллион сомонӣ зарар барқарор шудааст, ки аз ин 273,7 миллион сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.

Давоми шаш моҳи соли равон ба мақомоти прокуратура 18 ҳазору 444 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуда, 1 ҳазору 438 муроҷиат қонеъ гардонида шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои қонунӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ҳуқуқ ва манфиатҳои 184 917 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барқарор гардид.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 15, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад