НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 475 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шудааст

Август 4, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  шаш моҳи соли  2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шуда, аз шумораи умумии ин ҳолатҳо  36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонидааст.  Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки бар асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони мамлакат ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 километр роҳи мошингард зарар дидаанд.

Иброз гардид, ки ба хонаводаҳои зарардида кумакҳо дар шакли маводи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ҷудо  шуда, дар  ноҳияҳо ба  ниёзмандони тақсим шуданд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, дар шашмоҳаи  аввали соли 2023 дар байни аҳолӣ чорабиниҳои зерин гузаронида шуданд: 18 машқи маҷмуии мудофиаи шаҳрвандӣ, 62 машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 57 машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ, 53 омӯзиши ситодӣ ва 163 омӯзиши ғайринақшавӣ.

Ҳамчунин  дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии мамлакат  як силсила тамрину омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор  гардиданд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд