НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаи саноатии ватанӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дошта, хатмкунандагон дар онҳо ба кор таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ баён дошт.
«Хатмкунандагони донишкада ба ҷуз аз фаъолият дар корхонаҳои саноатии ватанӣ боз дар коргоҳу корхонаҳои саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун мутахассис бо дипломи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият намуда, маоши баланд мегиранд. Танҳо дар корхонаи нафту гази «Узбекинвест» зиёда аз 125 нафар хатмкунандагони донишкада фаъолият намуда истодаанд»,- афзуд Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 467 нафар хатм намудаанд. Аз инҳо 92 нафарашон, ки тариқи буҷавӣ таҳсил менамуданд, дар 65 корхонаи саноатӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






