ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои тиббии шаҳри Бӯстон миқдори зарурии ангишту ҳезум захира гардидааст

Август 20, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар​ Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 корҳои омодагӣ идома дошта, бархе аз шуъбаҳо, аз ҷумла шуъбаи бемориҳои кӯдакона аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳр миқдори зарурии​ ангишту ҳезум захира гардида, барои фаъолияти​ табибон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.​ ​

Раиси вилоят зимни боздид таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ғамхорӣ нисбат ба кормандони соҳаи тиб бештар гардида, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд ва таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ дар сатҳи зарурӣ бошад. Масъулини бахши тандурустии шаҳр низ бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба мардум хизмат расонанд.

Ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи нигаҳдории тандурустии шаҳр барои пурра ба охир расонидани омодагӣ ба зимистон супоришҳо дода шуд.

АКС: Хадмоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 20, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд