ОЗМУН БАРОИ «РОҒУН». Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои эҷоди беҳтарин асар ё шеър дар васфи НБО «Роғун» — иншооти бузурги аср эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода барои эҷоди беҳтарин роман, беҳтарин повест, беҳтарин очерк, достонҳо, рубоӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ дар васфи Неругоҳи барқи обии «Роғун» озмун эълон гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Барои ғолибони озмун мукофоти гуногуни пулӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, барои
Беҳтарин роман — 25000 сомонӣ
Беҳтарин достон — 20000 сомонӣ
Беҳтарин повест — 15000 сомонӣ
Беҳтарин очерк (эссе) — 10000 сомонӣ
Барои беҳтарин силсилаи рубоӣ, дубайтӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ — 10000 сомонӣ мукофот дар назар аст.
Тартиб, талабот ва низомномаи озмун ба таври мукаммал дар сомонаи донишгоҳ нашр мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сафари ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба НБО-и «Роғун» доир гардида буд, ки дар заминаи он даҳҳо матолиб бахшида ба ин неругоҳ дар расонаҳои гуногун ба табъ расиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд






