ОЗМУН БАРОИ «РОҒУН». Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои эҷоди беҳтарин асар ё шеър дар васфи НБО «Роғун» — иншооти бузурги аср эълон менамояд

Август 30, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода барои эҷоди беҳтарин роман, беҳтарин повест, беҳтарин очерк, достонҳо, рубоӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ дар васфи Неругоҳи барқи обии «Роғун» озмун эълон гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Барои ғолибони озмун мукофоти гуногуни пулӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, барои

Беҳтарин роман — 25000 сомонӣ

Беҳтарин достон — 20000 сомонӣ

Беҳтарин повест — 15000 сомонӣ

Беҳтарин очерк (эссе) — 10000  сомонӣ

Барои беҳтарин силсилаи рубоӣ, дубайтӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ — 10000 сомонӣ мукофот дар назар аст.

Тартиб, талабот ва низомномаи озмун ба таври мукаммал дар сомонаи донишгоҳ нашр мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл   сафари ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба НБО-и «Роғун» доир гардида буд, ки дар заминаи он даҳҳо матолиб бахшида ба ин неругоҳ дар расонаҳои гуногун ба табъ расиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 30, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд